https://sadoimardum.tj

Иштироки Бибиосия Аюбӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ

№:148 (5044), 16 дек 2025, 18:29
0

Вакили Маҷлиси намояндагон Бибиосия Аюбӣ дар ҳамоиши   байналмилалӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба адолат барои ҳамаи занон ва духтарон дар Осиёи Марказӣ: таҳкими чорчӯбаҳои ҳуқуқӣ ва тадбирҳои институтсионалӣ дар остонаи ҷаласаи 70-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. 

Бибиосия Аюбӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 иштирокчии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон мебошад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 мавқеи устувори Сарвари давлати мо муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро  дар ҳалли масоили таъмини баробарии гендерӣ  нишон медиҳад. 

Доир ба асосҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар Тоҷикистон, инъикоси ҳуқуқҳои занон дар қонунгузории кишвар, моҳияти меъёрҳо ва механизмҳои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакл­ҳои ­табъиз» ва иштироки занон дар кори мақоми қонунгузори кишвар маълумоти муфассал  манзури иштирокдорони ҳамоиш гардид.

Таъкид шуд, ки таъмини баробарии гендерӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, дар ин самт мақоми қонунгузор, Ҳукумат, сохторҳои масъул ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамоҳангӣ фаъолият ­менамоянд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: