Иқдоми неки сокинон
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба сокинони деҳоти Моғиён, ки ба масофаи 9 километр хати оби полезӣ ва нӯшокӣ мекашанд иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин хати об тавассути лӯлаҳои қутрашон аз 250 то 300 мм. аз мавзеъи Дараи Роғич то деҳаи Хурмӣ, ки масофааш аз нуҳ километр бештар аст, аз тариқи мавзеъҳои ноҳамвори кӯҳӣ, дараю сойҳо бо бунёди ҳавзҳо ва дигар иншооти зарурӣ кашида мешавад ва то ин дам беш аз панҷоҳ дарсади корҳо ба иҷро расидааст.
Бо анҷом ёфтани корҳо, ки арзишаш беш аз 4 миллион сомонӣ гуфта мешавад, 2150 нафар сокинони деҳаи Хурмӣ бо оби нӯшокию полезӣ таъмин карда мегарданд.
Ҷ. САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321,
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
