https://sadoimardum.tj

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулот оғоз гардид

23 дек 2025, 08:30
0

Ба иттилои раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шурӯъ аз 21-уми декабри соли равон дар чор ноҳияи пойтахти кишвар намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид.

Ярмаркаи мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин, пешгирии болоравии нархи маводи озуқа баргузор мешавад. 

Намоиш - фурӯши маҳсулот то 31-уми декабр дар минтақаҳои муайяни ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳои «Саховат», «Меҳргон», таваққуфгоҳи назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва боғи «Куруши Кабир», бо нархҳои дастрас ташкил карда мешаванд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: