ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 130; с. 2006, №3, мод. 150; с. 2008, №6, мод. 449, №10, мод. 799; с. 2012, №8, мод. 822; с. 2014, №11, мод. 661; с. 2018, №1, мод. 11; с. 2020, №12, мод. 911; с. 2021, №6, мод. 387; с. 2023, №11, мод. 464) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 11 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Таъминоти пулии дар моддаи мазкур пешбинишуда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».
2. Дар моддаи 12:
- ба қисми 1 пас аз аломат ва калимаҳои «(таъминоти пулӣ)» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаи «иловапулиҳо» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаи «пардохта» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт карда» иваз карда шавад.
3. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 13 калимаи «пардохти» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 14:
- ба банди нуҳуми қисми 1 пас аз калимаи «бефоиз» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба банди дуюми қисми 2 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба муқаддимаи қисми 8 пас аз калимаи «фоиз» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба ҷумлаи дуюми қисми 9 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 15:
- ба ҷумлаи дуюми қисми 4 пеш аз калимаи «мепардозанд» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба банди дуюми қисми 7 пеш аз калимаи «мепардозанд» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 16:
- ба қисмҳои 2 ва 4 пас аз калимаи «зерин» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «ба онҳо» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
7. Ба банди дуюми қисми 4 моддаи 17 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 18:
- ба ҷумлаи сеюми сархати дуюми қисми 1 пас аз калимаи «амалан» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми банди дуюми қисми 2 калимаи «хароҷотҳои» ба калимаҳои «хароҷот тариқи ғайринақдӣ» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 21:
- ба муқаддимаи қисми 3 пас аз калимаи «тақвимӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 4 пеш аз калимаи «пардохта» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
10. Ба қисми 5 моддаи 22 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2224
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №110
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2025, №198
Ҳамчунин дигар маводҳо:
