https://sadoimardum.tj

«Садои мардум» 1,5 хати экватор

№:1 (5053), 31 дек 2025, 11:00
0

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» аз шумораи аввал, ки якуми январи соли 1991 чоп шудааст, дар мавқеи ҳимоя ва тарғиби арзишҳои милливу давлатӣ қарор гирифта, ҳамон роҳро то имрӯз давом дода истодааст. Он дар давраҳои мушкили аввали солҳои 90-и асри гузашта, ки бинобар вазъияти ногувори замон аксари рӯзномаҳо ба гоҳнома табдил ёфтаву қисми дигар пурра аз чоп монда буданд, мунтазам нашр шуда, ҳодисаву рӯйдодҳои рӯзро инъикос менамуд.

«Садои мардум» солҳои аввали таъсисёбӣ ҳафтае 5 маротиба ба чоп мерасид. Бинобар дар мавқеи устувор қарор дош­тан, аз рӯзҳои аввал эътимоди мардум ба рӯзномаи навтаъсис дучанд шуд. Аз ин ҷост, ки агар шумораи нахустини рӯзнома бо теъдод (тираж)-и 10346 нусха нашр шуда бошад, пас, то охири соли 1991 он аллакай аз 35 ҳазор нусха убур кардааст. 

Мутаассифона, ҳодисаҳои маълуми солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рӯзномаи «Садои мардум» низ беасар намонд. Агар ду соли аввал он ҳафтае 5 маротиба нашр мешуд, пас соли 1993 ду нашри он ихтисор гардид.  Инчунин, бинобар норасоии коғаз адади нашри рӯзнома низ дар муқоиса ба ду соли аввал бамаротиб коҳиш ёфта, дар соли 1994 ба 8866 нусха расидааст. 

Мутаассифона, бинобар дарҷ нашудани адади нашри рӯзнома рақами дақиқи он дар солҳои аввал аниқ нест. Танҳо дар баъзе аз шумораҳо бо сабабҳои гуногун онро дарҷ кардаанд. Масалан, дар шумораи №1 - соли 1991 эълон оид ба давом доштани маъракаи обуна ба рӯзномаи навтаъсис нашр ва дар он зикр шудааст, ки шумораи нахуст бо теъдоди 10346 нусха ба чоп расид. Дар шумораҳои баъдӣ бошад, умуман дар бораи адади нашри рӯзнома маълумот дода нашудааст. Адади нашри рӯзнома шурӯъ аз 14-уми октябри соли 1999 дар саҳифаи охири он дарҷ мешавад. Бинобар ин, мо ба чанде аз собиқадорони рӯзнома муроҷиат кардем. Мутаассифона, бинобар гузаштани солҳои зиёд аксари кормандони собиқадори рӯзнома адади нашрро фаромӯш кардаанд. Рӯзноманигори шинохта Қироншоҳ Шарифзода, ки аз кормандони нахустини рӯзнома аст, изҳор дошт, ки охири соли 1991 адади нашри рӯзнома ба 35000 расида буд. Афзоиши адади нашр дар соли 1992 низ таъмин карда шудааст, аммо, бино ба гуфти корманди дигари ҳамонвақтаи «Садои мардум» Қурбон Мадалиев, дар соли 1993, бинобар норасоии коғаз, адади нашр бамаротиб коҳиш ёфта, баъзе шумораҳо 1000 нусха ҳам чоп мешуданд. 

Дар соли 1994 вазъ каме беҳтар ба назар мерасад. Дар эълони шумораҳои №10-11 соли 1994 бо сабаби норасоии коғаз сари вақт чоп нашудани ду шумора зикр мегардад, ки ин мушкилот бартараф шуда, минбаъд ҳар шумора бо теъдоди 8866 нусха ба табъ мерасад. Дар ин давра рӯзномае, ки дар як сол зиёда аз 230 маротиба нашр мешуд, тад­риҷан ба 82 маротибаи нашр дар соли 1999 мерасад, ки нишондоди камтарин дар таърихи 35-солаи «Садои мардум» мебошад. 

Ҳамин тариқ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди даҳаи 90-и асри гузаш­та «Садои мардум» вазифаҳои оинномавиашро бе каму кост иҷро намуда, дар ҳама ҳолат аз манфиатҳои давлату миллат ва Ҳукумати конс­титутсионӣ ҳимоя кардааст.

 Имрӯз «Садои мардум» дар низоми матбуоти тоҷик мақоми хоса дошта, ҳамчун нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манбаи нашри ахбори расмӣ, дар таъмини амнияти иттилоотӣ саҳм мегузорад. Давлат низ барои фаъолияти муназзами рӯзнома тамоми имконро фароҳам оварда, аз ҳар ҷиҳат онро дастгирӣ менамояд. Натиҷа ин аст, ки рӯзнома дар як ҳафта се маротиба бо теъдоди беш аз 35 ҳазор нусха нашр мешавад. 

Агар бо ҳисоби миёна ҳамаи шумораҳои дар давоми 35 сол нашршудаи онро ҷамъ кунем, ба зиёда аз 101,7 миллион нусха баробар мешавад, ки барои нашри он бештар аз 2,8 миллион килограмм коғаз сарф шудааст. 

Рӯзномаи «Садои мардум» аз аввали фаъолият дар формати А2 нашр мешавад. Яъне, паҳноии як саҳифаи он ба 40 сантиметр ва дарозиаш ба 60 сантиметр баробар аст. Агар тамоми шумораҳои чопшудаи рӯзномаро ҳисоб кунем, 48 миллиону 827 ҳазору 686 метри квадратиро ташкил медиҳад. Агар масоҳати як майдони стандартии футбол 100 ба 70 метр бошад, 7000 метри квадратиро ташкил медиҳад. Ҳамаи шумораи нашршудаи рӯзнома метавонад 6975 майдони стандартии футболро пурра пӯшонад. 

Ба ибораи дигар, дар сурати пайи ҳам чидани шумораҳои нашршуда дар паҳноии 10 метр он 4880 километр тӯл мекашад, ки зиёдтар аз масофаи байни Душанбе ва Санкт-Петербург аст. 

Дар сурати ҳар як шумораро пайи ҳам чидан бошад, дарозии он ба 61034 километр мерасад, ки баробар ба дарозии 1,5 хати Экватор аст. 

Факту рақамҳои мазкур гувоҳ аз роҳи тайкардаи нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Садои мардум» аст. Дар тӯли 35 сол муназзаму мунтазам нашр шудани он ва, муҳимтар аз ҳама, иҷрои бе каму кости рисолат натиҷаи заҳмати кормандони собиқу имрӯзаи рӯзнома аст. 

Умед дорем, ки ин рӯзномаи маҳбуб садсолаҳо нашр шуда, дар таъмини амнияти иттилоотии давлат ва тарғиби ­даст­о­вардҳои Тоҷикистони соҳиб­истиқлол, чун гузаштаву имрӯза, нақши шоиста мегузорад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: