Соле, ки рӯзнома таъсис ёфт…
Яке аз рӯзҳои моҳи октябри соли 1990 буд. Дар хона машғули мутолиаи нашрияҳои даврӣ будам, ки чашмам ба Қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» - нашрияи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон таъин намудани Шералиев Муродулло» расид. Ниҳоят хурсанд шудам, зеро ин ном бароям азизу ошно буд. Охир, ба ман ҳангоми адои қарзи интернатсионалистӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (он вақт Афғонистон чунин ном дошт) муяссар шуда буд, ки бо устод Муродулло Шералиев беш аз як сол ҳамкор бошам.
Бароям имкони хеле муносиб пайдо шуд, ки бо устоди некномам анъанаи устоду шогирдро идома диҳам, то аз таҷрибаи андӯхтаи ин фидоии халқу Ватан бештар баҳра гирам.
Бо устод вохӯрда мақсадамро баён кардам. Азбаски собиқаи кор дар нашрияҳои марказиро надоштам (ҳарчанд давоми солҳои донишҷӯӣ дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо рӯзномаи шаҳрии шаҳри Турсунзода «Роҳи ленинӣ» ҳамкорӣ карда, хабару лавҳа ва мақолаҳои зиёд ба нашр расонида будам), бо маслиҳат ва тавсияи устод 21 декабри соли 1990 дар рӯзномаи «Садои мардум» ба сифати мусаҳҳеҳи масъул ба кор шурӯъ намудам. Дар андак муддат бо аҳли эҷоди рӯзнома, ки навиштаҳояшонро аз рӯзномаҳои «Тоҷикистони шуравӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» ва ғайра мутолиа мекардам, ошно шудам. Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Додоҷон Раҷабӣ, Бахтиёр Муртазоев, Шариф Ҳамдамов, Раҳими Бобоҷон, (руҳаш шод бод), Ғаниҷон Ҷӯраев, Умриқул Ҳақбердиев, (руҳаш шод бод), Марямбонуи Фарғонӣ, Фотеҳи Абдуллоҳ, Қироншоҳи Шарифзода, Мардони Муҳаммад (ҳамсабақи даврони донишҷӯиям), Тилло Некқадамов, Акбаралӣ Сатторов (руҳаш шод бод), Мардон Мавлонов (руҳаш шод бод), Абдуғаффор Қурбонов, Мухтор Боқиев, Абдуқаҳҳори Маҳмадалӣ (руҳаш шод бод) аз ҷумлаи онҳое буданд, ки номи аксарияташон ба хонандаи онвақтаи рӯзномаю маҷаллаҳо ошно буд ва гирди ҳам омаданашон дар рӯзномаи навтаъсис далолат ба он мекард, ки бо эҷоди пурэъҷози онҳо нашрия дар андак муддат хонандаи зиёд пайдо карда, маҳбуби ҳамагон хоҳад гашт ва ҳамин тавр ҳам шуд. Рӯзномае, ки шумораи аввалинаш бо тиражи беш аз 10 ҳазор ба дасти хонандагон расид, минбаъд ҳаводорони зиёд пайдо карда, ба яке аз серхонандатарин рӯзномаҳои ҷумҳурӣ табдил ёфт.
Ибтидо кор дар «Садои мардум» саҳл набуд, алалхусус моҳҳои аввал, ки ба фасли зимистон рост омада буд. Мо, мусаҳҳеҳони рӯзнома, дар яке аз ҳуҷраҳои калони ошёнаи сеюми нашриёти «Шарқи озод», ки сехи ҳуруфчинӣ ва саҳифабандӣ маҳсуб меёфт, кор мекардем. Дар сармои зимистон ин ҳуҷра он қадар гарм набуд. Моро лозим меомад ба навбат назди лӯлаи оби гарм, ки бо барқ пайваст буд, нишаста, каме ҳам бошад, гарм шавем.
Солҳои аввал дар идораи рӯзнома мусаҳҳеҳон ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ба яке Гулчеҳра Зоҳидова, Марзия Алиева, Зуҳро Сафарзода шомил буданду ба гурӯҳи дигарӣ ману Мунаввара Ҷӯраева ва Сафаралӣ Бобокалонов (равонаш шод бод). Рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба нашр мешуд ва мо, мусаҳҳеҳон, рӯздармиён ба кор мебаромадем, зеро кори мусаҳҳеҳон аксаран то бевақтии шаб, баъзан ҳатто то субҳи рӯзи дигар идома меёфт. Ин ҳама ба он хотир буд, ки вазъи сиёсии кишвар хеле муташанниҷ буду идораи рӯзномаро лозим меомад маводи фаврӣ омодаю воридшударо сари вақт ба нашр расонад. Шурои Олии мамлакат он вақт даъватӣ ҳам бошад, вакилони Шурои Олӣ, бинобар зарурати баррасии вазъи муташанниҷ ва андешидани чораҳои фаврӣ, ба ҳавзаҳои интихоботиашон барнагашта, дар пойтахт мемонданд.
Ҳуруфчинии мавод ва саҳифабандии шумораҳои рӯзнома низ вақти зиёд мегирифт. Саҳифабандони рӯзнома - амаки Кабир (руҳаш шод бод), ки мо ӯро меҳрубонона «дяд Кабир» ном мебурдем, акаи Исмат, Камолу Нормурод маслиҳат ва таҷрибаи малакаи ҳангоми кор дар дигар нашрияҳо ҳосилнамудаашонро бо мақсади хуштарҳ баромадани шумора ба муовинони котиби масъул - Мухтор Боқиеву Абдуқаҳҳори Маҳмадалӣ дареғ намедоштанд.
Идораи рӯзнома солҳои аввал дар бинои Шурои Олӣ ҷойгир шуда буд ва саҳифаҳои ба нашр омодашуда барои ислоҳи зарурӣ ба муовинони сармуҳаррир ва сармуҳаррир ба бинои Шурои Олӣ фиристода мешуд. Дурии роҳ байни идораи рӯзнома ва нашриёт низ ба чопи саривақтии рӯзнома таъсир мегузошт.
Сармуҳаррири рӯзнома Муродулло Шералиев, ки ваколати вакилии Шурои Олиро бар уҳда дошт, аз оғози роҳбарӣ ба рӯзнома то ба он рӯзи наҳс ниҳоят серташвиш буданд: хондани мақолаҳои ба идораи рӯзнома воридшуда, тавсияи онҳо барои нашр, бодиққат аз назар гузаронидани саҳифаҳои шумораи навбатӣ ва бар иловаи ҳамаи ин, омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ, суханрониҳои пурмуҳтавои даъват ба сулҳу созиш, пешниҳодоти мушаххас барои ба эътидол овардани вазъияти муташанниҷи ҷумҳурӣ, ки он айём ҷасорати шахсӣ ва азхудгузариро талаб мекард.
Сад дареғу ҳайф, ки риштаи умри роҳбари уҳдабаро, ташкилотчии пурҳунар, марди ҷасуру бебок, донишманди фозил, падари меҳрубони хонадон Муродулло Шералиев хеле бармаҳал канда шуд. Тири қаттолу манҳус 5 майи соли 1992 (рӯзи иди матбуот) сари синаи ин абармарди майдони сиёсатро сӯрох кард ва қалби пурэҳсоси ин инсони шариф аз задан бозмонд. Ин қурбонии нахустини ҷанги шаҳрвандӣ ғам дар қалбҳои мо, ҳамкорон, дӯстон, ҳамаи онҳое, ки ин марди шарифро мешинохтанд, гузошт.
Баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои ҷасуронаю ватандӯстонаашон, аз қабили «Ман ба шумо сулҳ меорам», боиси тадриҷан ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам омад. Имрӯз Ватани азизи мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилпурона сӯи фатҳи қуллаҳои азими бунёдкорӣ қадам мегузорад.
…Дар урфият мегӯянд: «Дарахт дар якҷо месабзад». Собиқаи сиюпанҷсолаи фаъолиятам дар рӯзномаи «Садои мардум» инро собит менамояд. Баъди наздик ба ду соли фаъолият дар вазифаи мусаҳҳеҳи масъул маро ба вазифаи хабарнигор гузарониданд. Минбаъд дар вазифаҳои муҳаррири шуъба, муовини сармуҳаррир, ҳамзамон бо вазифаи директор оид ба масъалаҳои тиҷорат, роҳбари шабакаи мухбирони махсус, котиби масъул, муҳаррири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ, мудири шуъбаи эълон ва реклама кор карда, ба нафақа баромада, тариқи шартномавӣ масъулияти обуна ва рекламаро бар дӯш доштам.
Бо назардошти хидматҳои назаррасу собиқаи корӣ бо унвонҳои «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудам, ки аз ин сарфарозаму ба худ меболам. Меболам аз он ки «Садои мардум» дар дили ман маъво гирифта ва орзуманди онам, ки садсолаҳо дӯстдори хонандагони хеш бошад.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
собиқадори рӯзномаи «Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
