Бо паёми раҳнамунсоз дар назди интихобкунандагон
Дар доираи сафари вакилони мардумӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки мақсад аз он баргузор намудани вохӯрию суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо интихобкунандагон, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин, баррасии дархосту пешниҳодҳои сокинон аст, силсилаи мулоқоту суҳбатҳои самимии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, вакилони Маҷлиси намояндагон Фазлиддин Икромӣ ва Аҳмад Маҳмудзода бо сокинони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор баргузор шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар таъкид намуд, ки он ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои тамоми сокинон ва дастури рӯимизии ҳар як шахс мебошад. Дар Паём самтҳои муҳими ҳаёти кишвар натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои мушаххас ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва зиндагии шоистаи мардум муайян гардидаанд.
Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки ҳар яки мо вазифадор ҳастем ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбариро вусъат бахшем, аз ҷумла, ҷиҳати диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба таълиму тарбияи кӯдакон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намоем.
Пеш аз хатми вохӯрӣ аз иштирокдорон таклифу пешниҳодот манзур гардида, сокинон аз Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода хоҳиш намуданд, ки миннатдории самимии онҳоро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхории бесобиқаашон дар рушду нумӯи ноҳияҳои минтақа ва дастгирии доимии оилаҳои ниёзманду зарардида расонанд.
Дар идомаи вохӯрию мулоқотҳои вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Ғулом Ҳалимзода, Ҳомидҷон Ҳакимзода, Миршакар Ҷалолзода, Фарҳод Каримзода ва Қиёмиддин Давлатзода бо сокинон суҳбатҳои самимӣ намуданд.
Ҳангоми суҳбат Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии пешбурди сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маорифу илм ва фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин, таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро муайян намуданд.
Зикр гардид, ки соли 2025 дар сатҳи байналмилалӣ як қатор пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қатъномаҳо доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон намудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эътироф ва пазируфта шуданд. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами глобалӣ мебошад.
Ғулом Ҳалимзода зикр кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Вакилон сокинонро ба иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвияти нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои Сарвари давлат даъват намуданд.
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Ҳақназарзода, Ҳусния Исҳоқӣ, Фирдавс Саидзода, Тоҳир Набизода, Мунаввар Абдусаломзода, Неъматулло Иброҳимзода, Саид Ғоибназарзода, Дилноза Муродуллозода ва Неъматулло Холбойзода бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногуни шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Вахш, Ҷайҳун ва Қубодиёни вилояти Хатлон доир шуд.
Фирӯз Ҳақназарзода иброз дошт, ки соли 2025 барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли дастовардҳои назаррас ва таърихӣ буд.
Номбурда, ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тарбия ва ба камол расонидани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳифзу нигоҳдошти таъриху фарҳанги бостонӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуда, ба пешниҳоду дархостҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас дод.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунаввар Абдусаломзода Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла иброз намуд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хусусан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хеле зиёд буда, нисбати ин соҳаҳо ҳамасола ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Натиҷаи чунин ғамхориҳо ба сокинони мамлакат аст, ки ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақапулиҳо зиёд карда мешавад.
Таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳиии миллӣ» эълон гардидааст ва ҳар як фарди ҷомеа барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизамон бояд кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳибфарҳанг будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
Исломи РАҶАБАЛӢ,
Диловари Мирзо,
Нодир Турсунов,
Ҷамшеди САБОҲиддин,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
