https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии барқ: то 156 000 ҷарима, то 10 сол зиндонӣ

№:5 (5057) 12 янв 2026, 11:16
0

Таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар яке аз вазифаҳои муҳиме мебошад, ки имрӯз дар назди мо истодааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, дар даҳ соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард кв/соат ё 40 фоиз зиёд гардида, ба 24,2 миллиард кв/соат расонида шудааст.

Новобаста аз ҳолатҳои зикргардида, дар мамлакат то ҳол норасоии қувваи барқ эҳсос мегардад. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат зикр гардид, яке аз сабабҳои норасоии қувваи барқ аз ҷониби истифодабарандагон вайрон намудани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ мебошад, ки боиси талафоти он мегардад. Соли сипаригардида ҳаҷми талафоти неруи барқ се миллиард кв/соат муқаррар карда шудааст, ки ин боиси нигаронист.

Ҳукумати мамлакат дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонида, пайваста барои пешгирии талафоти беасоси барқ чораҳо меандешад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ» ва «Гузаштан ба низоми ягонаи биллингӣ» бомаром идома доранд. Муштариён бо ҳисобкунакҳои электронӣ таъмин гардида, корҳо барои рушди соҳа тарҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маб­лағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Яъне, амалан ба тассаруфи қувваи барқ даст мезананд.

Дар пайвастагӣ бо Паёми Президенти кишвар мехоҳам ёдовар шавам, ки бо мақсади пешгирии талафоти беасоси қувваи барқ 15-уми апрели соли 2025 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буданд, ки ҷавобгариро барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи барқ пурзӯр менамоянд. Аз ҷумла, моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» дар таҳрири нав қабул шуда, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253- «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова гардид.

Ҳадафи асосии ворид намудани тағйироту иловаҳои мазкур, пеш аз ҳама, пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, вайронкуниҳои дигари қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва ба ҳамин васила, пешгирии талафёбии беасоси қувваи барқ мебошад.

Мутобиқи таҳрири нави моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зерин риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ эътироф карда мешаванд:

- истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ; 

- худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ; 

- истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ;

- истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ;

- кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ;

 - аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят.

Мутобиқи санксияи ҳамин модда шахсони ба ин кирдорҳо дастзада ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 1560 то 2340 сомонӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 2340 то 3900 сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 15600 то 23400 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Дар ин маврид, ҷавобгарии маъмурӣ ба шарте татбиқ мегардад, ки агар дар кирдори шахс аломатҳои таркиби ҷиноят ҷой надошта бошанд. 

Мувофиқи талаботи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари ҷиноятӣ барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдорҳо дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, муқаррар карда шудааст.

Барои содир намудани ин кирдорҳо шахси гунаҳгор ба ҷазои ҷарима ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 28470 то 42666 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол маҳкум карда мешавад

Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур бошад, барои дар ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудани кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда содиршуда ҷавобгарӣ пешбинӣ мегардад. Ҳолатҳои вазнинкунанда ба миқдори калон расонидани зарар бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир намудани ҷиноят эътироф гардидааст. Зарар ба миқдори калон расонидашуда дониста мешавад, агар андозаи он аз як ҳазор нишондиҳанда (78000 сомонӣ) то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (156000 сомонӣ) ташкил диҳад.

Шахси гунаҳгор дар ин маврид ба ҷазои ҷарима ба маблағи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 62400 то 93600 ҳазор сомонӣ ё бо маҳрум сох­тан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол маҳкум карда мешавад.

Агар кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ содир шуда бошад ё ба миқдори махсусан калон зарар расонида бошад, шахсони гунаҳгор ба муҳлати аз шаш то даҳ сол аз озодӣ маҳрум мешаванд. Дар ин маврид, зарар дар ҳолате ба миқдори махсусан калон дониста мешавад, ки андозаи он аз 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 156000 сомонӣ, зиёд бошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда бораи ҳисобҳо» андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо доимӣ набуда, ҳамасола дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 78 сомонӣ муайян карда шудааст.

Чораҳои пешбинигардида натанҳо барои пешгирии талафёбии беасоси қувваи барқ, истифодабарии беназорат ва беиҷозати қувваи барқ, балки ҷиҳати пешгирии фарсудашавии таҷҳизоти соҳаи энергетика низ хизмат карда метавонад.

Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Боварии комил дорам, ки сокинони мамлакат зарурат ва аҳамияти таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва қабули чунин қарорро хуб дарк карда, истифодаи сарфакоронаи неруи барқро таъмин намуда, бо ҳамин васила барои пешравию шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд.

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА, 

раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният

Ҳамчунин дигар маводҳо: