https://sadoimardum.tj

Нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВТ

№:7 (5059), 19 янв 2026, 17:37
3

Дар кишвар нахустин лоиҳаи бузурги неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт татбиқ мегардад, ки он марҳалаи навро дар рушди энергетикаи «сабз» ва инфрасохтори муосири мамлакат оғоз мебахшад.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин хусус байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён энерҷӣ» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст, ки сохтмон ва мавриди истифода қарор додани ду неругоҳи бузурги фото­электрикиро бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт ва бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун дар бар мегирад.

Неругоҳи барқи офтобӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикис­тон бо чунин иқтидори бузург бунёд гардида, гузариш ба истифодаи манбаъҳои алтернативии энергияро вусъат мебахшад.

Дар доираи лоиҳа сармоягузор уҳдадор мешавад, ки лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани неругоҳҳои офтобиро давоми соли 2026 ба анҷом расонад.

Маблағи умумии сармоягузорӣ 250 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: