166 медали варзишгарони Кӯлоб дар соли 2025
Соли 2025 варзишгарони шаҳри Кӯлоб аз 49 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва панҷ мусобиқаи байналмилалӣ 166 медал 50 тилло, 43 нуқра ва 73 биринҷӣ ба даст оварданд.
Бино ба иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, алҳол дар шаҳр як варзишгоҳ, як маҷмааи варзиш, 77 толори варзиш, 188 адад майдончаи варзиш, 5 ҳавзи шиноварӣ ва ду мактаби варзишӣ фаъолияти густурда доранд.
Дар мактабҳои варзишии Кӯлоб 37 муррабӣ аз рӯйи 13 намуди варзиш ба 892 варзишгар тамрин медиҳанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ як толори варзиш ва 3 майдончаи варзиш мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин, бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 3000 нафар наврасону ҷавонон пайваста ба варзиш машғуланд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
