https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Суръати иҷрои корҳои геологӣ афзоиш ёфтааст

№:11 (5063), 30 янв 2026, 16:52
0

Саридораи геологияи наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз рӯи 32 лоиҳа ба маблағи 21 756,0 ҳазор сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ ба роҳ мондааст. 

Корҳои шартномавӣ бошад, аз рӯи 174 лоиҳа ба маблағи 16978,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидааст. Дар маҷмуъ, иҷрои корҳо бо усули хоҷагидорӣ 37247,7 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 5053,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 116 фоизро ташкил медиҳад. 

Дар ин бора сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода 27-уми январи соли 2026 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: