https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди маориф дар мадди аввал

№:11 (5063), 30 янв 2026, 17:02
0

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муайян кардани самтҳои муҳими рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳо ва таъкиди афзалиятҳои навин барои давраи миёнамуҳлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад. Аз ҷониби дигар, ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди устувори миллӣ дар давоми як соли дигар мебошад.

Дар ибтидои Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки давоми даҳ соли охир ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои «Стратегияи миллии рушд то соли 2030»-ро дар бар мегиранд, амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

Воқеан ҳам, ҳар як шаҳрванди кишвар набояд фаромӯш кунад, ки давоми беш аз 34 соли давлатсозии миллӣ кишвари мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба чӣ натиҷаҳо ноил гардид. Набояд аз хотир барорем, ки танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи бахшҳои муҳим ба таври воқеӣ таъмин гардид.

Мусаллам аст, ки соҳаи илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дар мадди аввал боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешрафти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Дар ин замина Президенти кишвар махсусан таъкид намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мус­таҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».

Баланд бардоштани ҳисси миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва дар ин руҳия тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар ин раванд ва ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон, аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат туҳфа карда шуд. Албатта, чунин имконоти сазовор кормандони соҳаи маорифро водор ба он менамояд, ки дар раванди чунин иқдомҳои ояндасози роҳбарияти олии кишвар ҳамеша пешдасту пешкор бошанд.            

Дар баробари дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа Пешвои миллат ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани музди маоши кормандони касбу кори гуногун таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ин навбат низ бо назардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш дода шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Воқеан ҳам, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дидгоҳи мардумсолорӣ ва сиёсати инсонмеҳвари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит намуда, бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин имкониятҳои доимиву ғамхориҳои ҳамешагӣ мо - омӯзгоронро ба он водор менамояд, ки дар иҷрои рисолати худ ­масъулиятшинос бошему насли наврасро дар ­руҳияи ободкориву созандагӣ ва дӯст доштани арзишҳои миллӣ бештару хубтар тарбия намоем.

Акобир Каримзода,

профессори ДМТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: