https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти маҳсулоти саноатӣ зиёд шудааст

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:20
0

30-юми январи соли 2026 зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода изҳор намуд, ки соли 2025 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти семент ба хориҷи кишвар 39 фоиз кам шудааст. «Дар баробари ин, содироти маҳсулоти тару тоза, ба мисли тарбуз, бодом, қаламфур, тухм, сирпиёз, пиёзи хушк низ коҳиш ёфтааст, аммо гардиши савдои дигар маҳсулотҳо  20,5 фоиз афзудааст. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши савдои хориҷиро бо 128 давлати хориҷии дуру наздик ба маблағи 10793,0 млн. доллар ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1838,1 млн. доллар зиёд мебошад», - гуфт директори агентӣ. 

Номбурда илова намуд, ки аз ҳаҷми умумии содирот 96,8 фоизро маҳсулоти саноатӣ ва 3,2 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Содироти маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025-ум 2408,6 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 517,9 млн. доллар ё 27,4 фоиз беш аст.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: