Аз нишастҳои матбуотӣ
Истеҳсоли барқ 849 миллион квт/соат афзуд
Соли 2025 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» 18 миллиарду 269 миллион кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нақша 673 миллион кВт/соат ва дар муқоиса ба соли пешин 849 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Дар ин бора директори ҶСК «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода 3-юми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар ин давра, инчунин, аз истеҳсолкунандагони мустақил – неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Роғун» 5 миллиарду 462 миллион кВт неруи барқ харидорӣ шудааст.
Доир ба фаъолияти ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» иттилоъ дода шуд, ки соли сипаришуда 25 миллиарду 919 миллиону 744 ҳазору 166 кВт/соат неруи барқ қабул ва ба истеъмолкунандагон интиқол дода шудааст.
Дар ин давра талафоти неруи барқ дар зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқол 792 миллиону 505 ҳазору 771 кВт/соатро ташкил медиҳад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
