Сарфаи барқ – кафили рушди устувор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар (16 декабри соли 2025) иброз доштанд, ки яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи энергетика мебошад. Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони барқ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст.
Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафҳои стратегӣ муайян гардида, дар ин самтҳо корҳои зиёд амалӣ шудааст.
Аз ҷумла, дар даҳ соли гузашта ба соҳаи энергетикаи кишвар беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.
Дар НБО «Норак» корҳои таъмир ва иваз кардани агрегатҳо идома дорад, ки бо ба охир расидан қувваи тавоноии он 75 МВт/соат зиёд мешавад ва то соли 2031 иқтидори неругоҳ то 3675 МВт/соат мерасад. То имрӯз 3 агрегат иваз гардида, тавоноии неругоҳ 225 МВт/соат зиёд шудааст.
Соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом ёфта, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт, зиёд карда шуд.
Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳими дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ, амалӣ карда шуданд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт/соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт/соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт/соат дар соли 2025 расонида шуд.
Мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ маълум аст. Ин ҳолат, аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва афзудани истеъмоли неруи барқ, аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад.
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми НБО «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони НБО «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад. Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар ин неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.
Тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки сохтмони неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши Пешвои миллатро ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикиро таъмин менамоянд.
Дар баробари ин, барои рушди энергетикаи тоза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмони неругоҳҳои офтобӣ низ оғоз ёфтааст. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли ҷорӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он воридоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (панелҳои офтобӣ бо назардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвертор) ва дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён) аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Бо истифодаи энергияи офтобӣ хонаводаҳо ва корхонаҳо метавонанд хароҷоти моҳонаи барқро кам кунанд, махсусан дар шароити афзоиши истифодаи неруи барқ.
Тибқи таҳлилҳо, талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад. Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад. Бисёр муҳим аст, ки дар ин ҷода ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагон сарфаю сариштакор бошанд.
Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гарданд ва ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем. То ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб (низоми рақамии биллингӣ) дар ҳисоботи шабакаҳои барқ то 40 фоиз аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё суиистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандаи неруи барқ гузошта мешуд. Танҳо дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли 2025 талафот аз 20 фоиз то 5 фоиз кам шудааст.
Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли гузашта 3 миллиард киловатт/соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 500 миллион киловатт/соат кам шудааст. Дар ин муддат беш аз 100 ҳазор муштарии нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Сол то сол ноустувории иқлим, камшавии захираҳои пиряхӣ, тағйирёбии муҳлати обшавии барфу ях ва коҳиши боришоти мунтазам мушоҳида мегардад. Ин равандҳо боиси тағйир ёфтани реҷаи табиии дарёҳо шуда, идоракунии захираҳои обӣ ва фаъолияти мунтазами неругоҳҳои барқи обиро боз ҳам мураккаб мегардонанд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи камшавии боришот сатҳи об дар обанборҳои калон (аз қабили «Норак», «Роғун» ва дигар неругоҳҳо) се-панҷ метр пасттар аз ҳолати миёна шудааст, ки ин барои истифодаи неругоҳ хатар дорад. Қобили зикр аст, ки 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаи кӯҳӣ» қабул шуд. Ҳифзи пиряхҳо на танҳо масъалаи экологӣ, балки иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ низ мебошад, ки таваҷҷуҳи якҷоя ва амали дастҷамъиро талаб мекунад.
Барои мо, мардуми Тоҷикистон, ки зиддиятҳои иқлимӣ ва камшавии пиряхҳо беш аз ҳама мушоҳида мешавад, ин ташаббусҳо аҳамияти махсус доранд. Мо бояд барои ҳифзи захираҳои табиии худ саъй ва кӯшишҳои бештарро ба кор барем.
Ташаккули фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, захираҳои обӣ ва табиӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад. Истифодаи оқилона ва сарфакорона на танҳо ба таъмини устувории низоми энергетикӣ мусоидат мекунад, балки ба пуррашавии захираҳои табиӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар замина мегузорад.
Нуралӣ НИЁЗӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
