Аз нишастҳои матбуотӣ
46 деҳаи Восеъ бо оби тоза таъмин шуд
Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 дар ноҳияи Восеъ 46 деҳа ва беш аз 186 ҳазор нафар ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин шудаанд. Сокинони ин деҳаҳо чанд сол боз аз надоштани оби тоза танқисӣ мекашиданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соли 2025-ум 831 миллион метри мукааб обрасонӣ карда, хизматрасониҳои обҳои партобро ба андозаи 25 миллиону 500 метри мукааб иҷро намудаанд, ки нисбат ба соли пешин 7 миллиону 731 ҳазор метри мукааб зиёд аст.
Ҳоло дастрасии умумии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ 67,3 фоизро ташкил медиҳад. Яъне, маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва деҳот 57,8 фоиз таъмин аст.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
