https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Панҷакент 996 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

№:18 (5070), 16 фев 2026, 16:43
0

Зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода 27-уми январи соли ҷорӣ иттилоъ дод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру бунёди 984 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Ба ҳолати имрӯз 996 иншоот бо сифати баланд бунёд гардидааст, ки 101,2 фоизи нақшаро ташкил мекунад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо мақсади боз ҳам зебо гардондани симои шаҳр ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон то ин ҷашни фархунда сохтмони 177 иншооти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 25-тои онҳо бунёд гардидаанд.

Таъкид гардид, ки корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр пайваста идома ёфта, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардидаанд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: