Аз нишастҳои матбуотӣ
Рушди босуръати саноат ва сохтмон дар Суғд
Дар вилояти Суғд рушди устувори соҳаи саноат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2025 ба 39 миллиарду 146,4 миллион сомонӣ расидааст, ки суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 123,5 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, шумораи корхонаю коргоҳҳои саноатии Суғд ба 1316 адад ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 265 навъ расидааст.
- Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар вилояти Суғд 146 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 1497 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуд, ки аз рушди воқеии иқтидори истеҳсолии минтақа шаҳодат медиҳад, - гуфт раиси вилоят.
Дар самти сохтмон соли 2025 наздик ба 1,7 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 4 миллиарду 229,5 миллион сомонӣ расид. Суръати афзоиши сармоягузорӣ дар ин самт 137,7 фоизро ташкил намуд.
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёд, таъмир ва навсозии 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 12 ҳазору 729 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки далели вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Соли 2025 аз ҷониби роҳсозони вилоят 2951 километр роҳ таъмиру навсозӣ шудааст.
Раиси вилоят, ҳамчунин, аз ҷалби сармоя ба иқтисодиёти минтақа ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки соли 2025 ба вилояти Суғд зиёда аз 840 миллион доллари амрикоӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб ва қисми назарраси он ба соҳаҳои саноат ва сохтмон равона шудааст.
Нодир ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
