Футболи тоҷик ва марҳилаи нави рушди он
Барои мо - тоҷикону тоҷикистониён боиси хушнудию ифтихор аст, ки соли гузашта ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иттифоқи оро пазируфт. Зимни ҷаласаи 80-уми пленарии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии футбол» қабул шуда, инак 25-уми май дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад.
Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст. Ин сана ба он хотир интихоб шудааст, ки 100 сол пеш, 25-уми майи соли 1924, дар доираи Бозиҳои олимпии Париж аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол баргузор шуда буд.
Ташаббуси мазкур гувоҳи он аст, ки ба рушди варзиш ва солимии аҳолӣ дар кишвари мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Барои рушди соҳа солҳои охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» таҳия ва қабул гардиданд.
Мавриди зикри хос аст, ки ба хотири рушди футбол дар ҷумҳурӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва тарбияи бозигарони хуб барномаи махсуси рушди футбол дар деҳоти Тоҷикистон қабул ва амалӣ гардид. Дар доираи иҷрои барномаи мазкур ҳар сол байни дастаҳои футболи аз 18 то 35-солаи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила мусобиқа баргузор гардид.
Аз ин ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мо - омӯзгорон хеле шодем, зеро ин гуна чорабиниҳо муҷиби рушди варзиш, солим ба камол расидани ҷавонону наврасон гардида, имкон фароҳам меоранд, ки наврасону ҷавонони шаҳру навоҳӣ бо ҳам аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.
Умуман, ҳоло барои рафъи ҳар мушкиле, ки имрӯз пешорӯи варзиши тоҷик, махсусан футболи тоҷик, қарор дорад, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ чораҳои бетаъхир меандешанд. Натиҷаи ин ғамхорию дастгириҳо буд, ки мо соле пеш шоҳиди муваффақияти дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023, дастаи мунтахаби футзал дар Ҷоми ҷаҳон-2024 гардидем.
Комёбии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи кишвар низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Чанде пеш даста таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро бомуваффақият гузашта, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқа ва ба Чемпионати ҷаҳон-2025 роҳ ёфт. Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар чемпионати мазкур сабқат хоҳад кард. Қаблан футболбозони навраси мо дар чемпионатҳои ҷаҳон дар Корея (2017) ва Бразилия (2019) ширкат карда буданд. Чемпионати ҷаҳон-2025 моҳи ноябр дар Давлати Қатар баргузор мешавад. Умед дорем наврасони мо дар ин бозӣ Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ менамоянд.
Моҳи феврал муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин, масъулони соҳаи футбол мулоқот карда, барои рафъи камбудиҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ташаббуси созандаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки беназиру шоистаи таҳсин аст, нуфузи Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар арсаи олам боз ҳам боло бурд. Ин ва дигар талошҳои созандаи Президенти федератсия боварии моро ба ояндаи неки футболи тоҷик меафзояд. Оянда шоҳиди дастовардҳои нави футболи тоҷик хоҳем шуд.
Шерзод КОМИЛӢ,
омӯзгори МТМУ №24,
шаҳри Истаравшан
Ҳамчунин дигар маводҳо:





