https://sadoimardum.tj

Аз бозии одӣ то пайвандгари инсоният

№:66-67 (4962-4963) 26 май 2025, 17:37
5

Ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ - Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25 май аҳли сайёраро ба дарки бештари моҳияти ин навъи варзиш водор намуд

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шарофати сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоят ва насиҳатҳои Қиблагоҳ дар ҳама самт комёбанд. Маҳз дар ин замина обрӯву эътибори ин фарзанди арзанда афзуд ва дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба ӯ мустаҳкамтар гардид. Имрӯз муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пиндору гуфтор ва рафтори намунавӣ дар қалби мардум маъво гирифтаанд.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро пазируфтани ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май идомаи мантиқии ин раванд аст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки 9 феврали соли 2024 муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Табиист, ки якдилона ҷонибдорӣ гардидани дилхоҳ пешниҳод дар чунин сатҳи баланд, пеш аз ҳама, ба шахсияти ташаббускор, моҳияти ташаббус ва дурнамои он рабт дорад. Андешаҳои бикру пурҳикмат ва дурандешонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ боис гардиданд, ки ин пешниҳод бетаъхир мавриди ҳамовозӣ қарор гирад. 

Зимни шарҳу тавзеҳи ин ибтикор муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид карданд: «Футбол падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд».

Ҳарчанд ин навъи варзиш таърихи беш аз 150-сола дорад, вале эътирофу арҷгузорӣ бояд намуд, ки касе мисли муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри дарки моҳият ва оммавигардонии он иқдом накардааст. Номбурда бо суханони таҳрикбахшу пурҳикмат, аз ҷумла «футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст», аҳли сайёраро дар шинохти моҳияти ин навъи варзиш амиқтар бурд. 

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба омодасозиву дастгирии варзишгарону дастаҳо, ҷалби мутахассисону коршиносони ин соҳа, таҳияи барномаҳои таълимӣ бо назардош­ти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ баҳри рушди бемайлони варзиш замина фароҳам оварданд. Тайи солҳои охир бо ибтикори мавсуф дар шаҳри Душанбе 26 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардид, ки дар онҳо беш аз 4000 варзишгар аз 167 давлати дунё иштирок ва сабқат намуданд. 

Ҳамрадиф бо дигар навъ­ҳои варзиш сатҳу ҷойгоҳи футболи тоҷик хеле боло рафт. Пештар ­бисёр варзишгоҳҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ҳолати ногувор қарор доштанд. Дар ин робита, ягон минтақаи мамлакат аз мадди назари Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дур намонд. Бун­ёди варзишгоҳи муҳташам дар Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон ва тасмим барои таъсиси Академияи футбол дар ин вилоят ҷузъе аз ин раванд мебошад. Навсозӣ ва беҳбуд бахшидани инфрасохтори варзишгоҳҳои «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, «Исмоили Сомонӣ Арена»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳҳои марказии ноҳияи Фархор, шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд ибтикори қобили мулоҳиза маҳсуб шуда, маҳбубияту оммавияти футболро афзуданд.

Қаблан дар мавсими зимистон бошгоҳҳои вилояти Суғд барои тамрин имкони маҳдуд доштанд. Биноан, муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дастур доданд, ки дар шаҳри Гулистон майдонҳо бо чамани сунъӣ бунёд шаванд, зеро ба он ҷо бошгоҳҳои хориҷӣ барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ меоянд. Илова бар ин, масъулин барои ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ кардани варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ба гибридӣ иваз кардани чамани сунъии варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, КМВА-и шаҳри Душанбе ва бунёди пойгоҳ барои бошгоҳи футболи «Барқчӣ» вазифадор гардида, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Муҳимтар аз ҳама, дар шаҳри Душанбе маркази тибби варзишӣ таъсис ёфта, дар он марҳилаи барқарорсозии саломатии на танҳо футболбозон, балки варзишгарони кишвари азизамон сипарӣ хоҳад шуд.

Мавриди истифода қарор гирифтани 15 иншоот ва 382 майдончаи варзиш аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими варзишии муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар маснади Раиси шаҳри Душанбе мебошанд. 

Хулоса ин аст, ки ба шарофати муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки парвардаи мактаби беназири Пешвои миллат мебошанд, варзиш, хоса футбол, то ҳадди тасаввурнопазир рушд кард. 

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: