Нақши занон дар таҳкими давлатдорӣ
Ҳукумати мамлакат масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолият қарор дода, барои рушди ин самти муҳим пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем». Ин суханон бозгӯи сиёсати устувору дурбинонаи давлат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати Зан-Модар мебошад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ баробари рушду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таваҷҷуҳи хос ба мақоми зан дар ҷомеа равона гардид. Қабул ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» далели ин гуфтаҳост. Ҳадафи асосии ин санадҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад.
Эҳтирому арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан-Модар дар ҳар суханронию мулоқот баръало эҳсос мегардад. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд: «Ман аз оғози фаъолиятам занону бонувонро ҳамчун пуштибони худ эҳсос мекунам ва ба неруи тавоно, созанда ва хастанопазири онҳо эътимоди бузург дорам. Ҳар он ҷое, ки зан ҳаст, он ҷо ободӣ ҳаст, пешравӣ ҳаст, тартибу низом ҳаст». Ин суханон ифодагари эътимоди комили давлат ба неруи созандаи занон аст.
Маҳз ба шарофати чунин сиёсати хирадмандона дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи бонувон ба Рӯзи Модар табдил дода шуд, ки ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин иқдом рамзи эҳтиром ба рисолати муқаддаси модар ва нақши бузурги зан дар ҷомеа мебошад.
Имрӯз занони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо - хизмати давлатӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг фаъолияти пурсамар доранд. Зани тоҷик имрӯз хизматчии давлатӣ, роҳбари кордон, генерал, сафири фавқулода ва мухтор, донишманди варзида, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва омӯзгори фидоӣ мебошад.
Агар ба таърихи навини кишвар назар афканем, саҳми модарону занони тоҷик дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ басо арзишманд аст. Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ маҳз модарон буданд, ки фарзандонро ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми занону модарони мо дар пойдории сулҳ, таҳкими ваҳдат ва рушди ҷомеа бениҳоят арзишманд аст».
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сол ба сол шумораи занони роҳбарикунанда дар кишвар меафзояд. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4849 нафар зан фаъолият доранд, ки 25,8 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад. Аз 5955 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1146 нафар ё 19,2 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфта, далели равшани густариши имкониятҳои занон дар сохторҳои давлатӣ мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар се соли охир раванди ҷалби занон ба хизмати давлатӣ тамоюли афзоиш касб кардааст. Барои мисол, соли 2023 нисбат ба соли 2022-юм 152 нафар ва соли 2024 дар ин қиёс ба соли 2023-юм 194 нафар зиёд гардид.
Занони тоҷик имрӯз метавонанд ҳамчун таблиғгарони сулҳу ваҳдат ва ҳомиёни арзишҳои миллӣ дар ҷомеа нақши муассир бозанд. Фаъолияти маҳфилҳо, марказҳои омӯзишӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо иштироки занон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Занон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила ва тарбияи насли наврас саҳми назаррас доранд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
