Сулаймон Шафоев – асосгузори гармхонаи типи нав дар Хатлон
Сулаймон Шафоев аз зумраи деҳқононест, ки дар соҳаи кишоварзӣ пайваста навгониҳо меорад. Бо вуҷуди ҷавон будан, аллакай таҷрибаи хуберо дар ин соҳа соҳиб буда, пайваста донишҳои андӯхтаашро дар амал татбиқ менамояд.
Дар гармхонаҳои доимоамалкунандаи ӯ солҳост, ки маҳсулоти тару тозаи помидору бодиринг, қаламфур, караму гулкарам ва қулфинай кишту парвариш шуда, пешкаши харидорон мегарданд.
Сулаймон ба давлатҳои хориҷ сафар карда, таҷрибаҳои пешқадами онҳоро дар соҳаи кишоварзӣ меомӯзад ва аз донишҳои андӯхтааш дар хоҷагии деҳқонии хеш истифода мебарад. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ ва шарикони рушд ҳоло гармхонаи типи нав бунёд кардааст, ки дар он аз коштани тухмӣ то парвариши кучат ба роҳ монда мешавад. Дар ин гармхона технологияи муосири кишоварзиро аз Италия ворид намуда, раванди корро бо технологияи нав ба роҳ мондааст.
— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон супориш дода буданд, ки ба монанди гармхонаҳои доимоамалкунандаи шаҳри Турсунзода дар вилояти Хатлон низ гармхонаҳои типи нав бунёд карда шаванд. Ба ин хотир, тасмим гирифтам, ки фаъолияти ин гуна гармхонаро ба роҳ монам, — иброз медорад зимни суҳбат С. Шафоев.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд орзуи деринтизори Сулаймон Шафоев амалӣ ва гармхонаи типи нав бунёд гардида, дар он кишту парвариши кучати помидор, бодиринг, тарбуз, ҳандала, қаламфур, боимҷон, караму гулкарам, броколлӣ ва қулфинай ба роҳ монда мешаванд.
— Мо барои тайёр кардани кучат аз торф ва вермикулит истифода карда, донаҳои маҳсулотро дар кассетаҳои махсуси пластикӣ мегузорем. Ҳамаи ин корҳо ба воситаи дастгоҳҳои махсус иҷро карда мешаванд. Дар дастгоҳи аввал кассетаҳои махсус гузошта шуда, дастгоҳи дуюм донаҳоро дар чуқурии муайян мешинонад. Дастгоҳи сеюм бошад, донаҳои шинонидашударо об пошида, берун мебарорад. Ҳамин тариқ, донаҳои шинонидашуда дар рафҳои махсус ҷойгир ва то кучат шудан нигоҳубин карда мешаванд, — мегӯяд Сулаймон.
Масоҳати умумии гармхонаи Сулаймон 0,27 гектар буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст ва дар он феълан панҷ нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки пештар аксари кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят кучатҳои лозимиро берун аз қаламрави вилоят меоварданд. Бо бунёд гаштани гармхонаи типи нав кишту парвариши аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, хоҳишмандон метавонанд кучати лозимиро бе хароҷоти иловагӣ дастрас намоянд.
Сулаймон Шафоев дар ноҳияи Кӯшониён дар масоҳати 4,68 гектар хоҷагии деҳқонии «Ёрмаҳмад»-ро ташкил намуда, бо 18 нафар саҳмдорон, ки ҳамагӣ аҳли оилаашон мебошанд, самарабахш фаъолият доранд. Дар хоҷагии деҳқонии ӯ дар се гармхонаи доимоамалкунанда қулфинай ва парвариши кучат ба роҳ монда шудааст. Дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ ҳамасола пахта кишт мешавад.
— Иқлими вилояти Хатлон бо заминҳои файзбору ҳосилхезаш барои кишту парвариши тамоми маҳсулоти кишоварзӣ мусоид мебошад. Дар ҳама фаслҳои сол мо метавонем бозорҳои вилояту ҷумҳуриро бо маҳсулоти тару тозаи аз ҷиҳати экологӣ безарар таъмин намоем ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузор бошем, — мегӯяд дар фарҷоми суҳбат Сулаймон Шафоев.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
