Дар дилу дидаи мардум
Донишҷӯ будам. Рӯзе бо модарам телефонӣ суҳбат доштам. Модарам хурсандона хабар дод, ки дар деҳаамон мактаби нав месозанд.
Пурсидам:
— Магар мактабе, ки мо хатм кардем, ягон осеб дид?
— Не, духтарам. Бо дастгирии Муҳаббатшо Рӯзадоров, ки худ хатмкардаи ин дабистон аст, мактаби нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ месозанд.
Нахустин бор номи ин шахсро ҳамон вақт аз модарам шунидам. Аз ин хабар хеле хушнуд шудам ва пайваста аз рафти сохтмон пурсон мешудам. Баъд аз чанде сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон бо сифати баланд ба анҷом расид.
Соли 2021 дар деҳа маросими бошукӯҳи номгузорӣ ба ин муассиса баргузор гардид. Аз модарам пурсидам, ки ин чорабинӣ ба чӣ муносибат аст. Гуфт, ки муассисаро ба номи Муҳаббатшо Рӯзадоров мегузоранд, шахсе, ки ташаббускори бунёди ин бино буд.
Аз ин шахси наҷиб хотираҳои зиёде боқӣ мондаанд. Аз чанд нафар дар бораи ӯ пурсон шудам. Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, чунин ёдовар гардид: «Муҳаббатшо дӯст ва бародари азизи мо буд. Бо заҳмат, устуворӣ, дониш ва фарҳанги баланди инсониаш аз омӯзгори одӣ то мушовири Президенти мамлакат ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Мутаассифона, дар авҷи камолот моро тарк кард ва ҳазорон дӯсту ҳамфикрашро ҷигархун намуд.
Ӯ таҳсилкардаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе (имрӯза Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) буд. Пас аз хатм ба сифати омӯзгор ба ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) сафарбар шуд. Бо меҳнатдӯстӣ ва хислатҳои наку зуд миёни омӯзгорон обрӯ пайдо кард ва мудири қисми таълимӣ таъин гардид. Ҳамеша дар маҳфилҳо сухангӯ буд, аз таърихи диёр ва гузаштагони худ бо лутф нақл мекард. Қиссаҳои ҷолиб аз давраи фаъолияти омӯзгориаш то ҳол дар ёди ҳамкорон боқӣ мондаанд».
Дар вазифаҳои омӯзгор, муовини директори мактаби миёнаи № 6-и шаҳри Ваҳдат, аспиранти Институти фалсафаи Академияи илмҳои ИҶШС, корманди илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ, директори Барномаи инсоншиносии Оғохони IV барои Осиёи Марказӣ, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва технологияҳои муосир, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ӯ, ҳамчунин, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот буд ва бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Мамадалӣ Бахтиёров, рӯзноманигор, чунин нигоштааст: «Муҳаббатшо Рӯзадоров на танҳо шахсияти маъруфи илмӣ ва сиёсии кишвар, балки инсони хоксор, ҳалим ва меҳнатдӯст буд. Ӯ шахси зиндадилу хушҳол буд ва ҳатто дар рӯзҳои сахт чеҳракушод боқӣ мемонд. Ҳамсари меҳрубонаш — Аслибегимро бисёр дӯст медошт. Пас аз он ки дар садамаи автомобилӣ ҳамсараш ҳалок гардид, ӯ сахт афсурда шуд. Аз инсони серҳаракат ба шахси хомӯш ва андешаманд табдил ёфт».
Ҳашт сол аз он баҳоре, ки Муҳаббатшо Рӯзадоров моро тарк намуд, гузашт. Дар ин муддат кишвар бо роҳбарии хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат симои тоза касб кард. Ба шарофати он ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадрдонии фарзандони фарзонаи Ватан таваҷҷуҳи хоса доранд, номи шахсоне, мисли устод Муҳаббатшо Рӯзадоров, ҳамчун намунаи садоқат ба илму Ватан боқӣ мемонад. Ӯ тавонист бо дониш, таҷриба ва масъулиятшиносии худ ҷойгоҳи устувор дар дилу дидаи мардум пайдо кунад. Ба номи ин шахси инсондӯст ва арбоби давлатӣ номгузорӣ шудани яке аз муассисаҳои пурнуфузи вилоят нишони эҳтиром ва қадршиносии давлату миллат аст. Ин мактаб чун гаҳвораи илму маърифат садҳо шогирдони соҳибкасб, олимон ва арбобони фарҳангро тарбия кардааст.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
