Таъиноти кадрӣ
15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Ба вазифаҳои муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи андоз, муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якум ва муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону корозмуда таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоқикистон, мунтазам баланд бардоштани донишу малакаи худ дар кори роҳбарӣ, омӯзиши амиқи забони давллатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки ба раванди тезондани рақамикунонӣ ва истифодаи босамару бехатар аз зеҳни сунъӣ ва беҳсозию кору муомила бо сармоягузорону соҳибкорон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳсозии сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва омода кардани кадрҳои ба талаботи замон мувофиқ дода шуд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
