https://sadoimardum.tj

Форуми саноати маъдани Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳида

26 май 2025, 16:29
9

Он бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор гардид. Чунин чорабинӣ дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори аввал барпо шуд. Дар он вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон 150 кас иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории форум густариши ҳамкорӣ тариқи ташкили муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатии ду кишвар, сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ва дар ин замина ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.

Ба ин хотир, дар доираи форуми мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои хусусӣ низ доир шуданд.

Илова бар ин, молу маҳсулоти гуногуни содиротии ватанӣ ба маъраз гузошта, ба сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ роҷеъ ба имконони сармоягузорӣ ба соҳаи саноати маъдан маълумоти муфассал ироа шуд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: