Содироти 41 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд
Тибқи маълумоти оморӣ, дар чор моҳи аввали соли 2025 аз вилояти Суғд беш аз 41 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст. Аз ҷумла, 35 ҳазор тонна хушкмева, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна зиёд аст. Ин нишондиҳанда далели рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мебошад.
Боиси зикр аст, ки маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла хушкмева ва пиёзи барвақтӣ, сифати баланд дошта, ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ мутобиқанд. Таъсиси марказҳои логистикӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен барои бастубанд ва интиқоли маҳсулот мусоидат намудааст.
- Яке аз самтҳои афзалиятнок содироти зардолу мебошад. Таъсиси равзанаҳои ягонаи шабонарӯзии барасмиятдарорӣ дар минтақаҳои гуногун имкон дод, ки муқаррароти гумрукӣ сода ва содирот бештар гардад. То имрӯз зиёда аз 1500 тонна зардолу ба хориҷи кишвар содир шуда, боиси афзоиши даромади деҳқонон ва ғанигардонии буҷети маҳаллӣ аст. Содироти пиёзи барвақтӣ низ дар ин давра назаррас буд. То оғози моҳи май зиёда аз 9 ҳазор тонна пиёз ба хориҷ содир гардидааст. Деҳқонон бо дарки талаботи бозорҳои хориҷӣ, равия ва афзалияти бозориро меомӯзанд ва истеҳсолро ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ месозанд,- иброз дошт мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдулло Оқилзода.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





