Тоҷикистону Ӯзбекистон
Ҳамгироии сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Дар марҳилаи муосири рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, бо назардошти ба роҳ мондани сиёсати «дарҳои боз» ва фароҳам шудани заминаи мусоид барои тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ ва афзоиши сармоягузории мутақобила, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав ва шарикии стратегӣ расид.
Имрӯзҳо шумораи корхонаҳои муштарак ва ба бозорҳои ҳамсоя ворид шудани тиҷорати ватанӣ тамоюли афзоиш дорад, ки ин омилҳо ба натиҷаи ислоҳоти сохторӣ дар низоми идоракунии иқтисодӣ вобаста мебо-шад. Тибқи маълумоти Кумитаи омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳолати 1 феврали соли 2026 дар ҷумҳурии ҳамсоя 410 корхона бо иштироки сармояи шахсони ҳуқуқию воқеии Тоҷикистон, аз ҷумла 308 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ва 102 корхонаи муштарак, ба қайд гирифта шудааст, ки ба соҳаҳои савдо - 144, саноат – 89, сохтмон - 43 ва иттилооту алоқа 33 корхона рост меояд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки сабаби дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар ташкил шудани корхонаҳо бо саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан, ба раванди маъмулии иқтисодӣ вобаста аст. Барои муқоиса, аҳолии Ӯзбекистон зиёда аз 37 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, имкониятҳо шароит барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя нисбат ба ҷумҳурии мо нисбатан зиёданд. Бинобар ин, ширкатҳои ватанӣ барои васеъ намудани доираи фаъолияти худ, дастрасӣ ба бозор, ки аз кишвари мо қариб 4 маротиба калонтар мебошад ва дигар имкониятҳои дастрас соҳибкории худро дар кишвари ҳамсоя низ тавсеа мебах-шанд.
Дар баробари ин, тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ, бештар аз 45 фоизи шахсони ҳуқуқӣ ва воқе-ии ватанӣ, ки дар ширкатҳои давлати ҳамсоя ҳамчун муассис ба қайд гирифта шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷики-стон низ фаъолияти соҳибкории худро идома дода, муассис ва роҳбари шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки ҳамчун нишонаи афзоиши иқтидори ширкатҳои миллӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин, аз нигоҳи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд шудани корхонаҳои бо саҳми шахсони ҳуқуқию воқеии Тоҷикистон бештар ба интихоби оқилонаи соҳибкорон алоқамандӣ дорад. Худи ҳамин далел гувоҳи он аст, ки соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон низ бозори ояндадор ва васеътарро барои рушд ва даро-маднокии иловагӣ мебинанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути қоидаи «минтақаи ҷалб» аз хориҷи дуру наздик соҳибкорон ва сармоягузоронро ҷалб намуда истодааст. Барои мисол, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сармоягузориҳои шахсони ҳуқуқию воқеии Қазоқистон зиёда аз 1220 ширкат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 157 корхона зиёдтар буда, бо ин нишондод Ҷумҳурии Қазоқистон дар кишварҳои чоргонаи аввал (Чин, Россия ва Туркия) дохил аст.
Бояд қайд намуд, ки бо ҳаҷми сармогузорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чин - 33, Россия - 10,0, Туркия - 5,2, Арабистони Саудӣ - 4,7, Нидерланд - 3,7 ва Олмон 3,3 дарсад ҷойҳои асосиро ишғол менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ ва рушд ёфтани иқтисодиёт солҳои охир шумораи субъектҳои соҳибкорӣ давра ба давра афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ, то 1 январи соли 2026 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷики-стон 381 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2025-ум 15,8 ҳазор зиёд мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки то 1 январи соли 2026 шумораи субъектҳое, ки бо сармоягузории шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, 155 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2025-ум 20 адад зиёд аст. Дар соли 2025 аз ҷониби ин субъектҳо, дар маҷмуъ, зиёда аз 38,0 млн. сомонӣ андозҳо ҳисоб ва ба буҷет пардохт шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 7,8 млн. сомонӣ бештар ме-бошад.
Дар баробари аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар дигар давлатҳо ташкил намудани тиҷорат то 1 январи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории шахсони ҳуқуқию воқеии шарикони тиҷоратӣ ва ки-шварҳои ҳамсоя зиёда аз 3,5 ҳазор субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла Чин - 1117, Россия - 403, Афғонистон - 424, Эрон - 328, Туркия - 157, Ӯзбекистон - 155, Қазоқистон - 109 ва, дар маҷмуъ, аз ҷониби намояндагони қариб 90 кишвар, субъекти хоҷагидор ташкил гардида, айни замон фаъолияти босамар доранд.
Таҳлили вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурии мо ва кишвари ҳамсоя нишон медиҳад, ки му-носибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз марҳилаи мубодилаи одии молу маҳсулот ба сатҳи ҳамгироии сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак ворид шуда, ин раванд дар давраҳои минбаъда низ рушд хоҳанд ёфт.
Амриддин САТТОРЗОДА,
сардори раёсати бақайдгирии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
