https://sadoimardum.tj

Афзоиши истеҳсолу содироти мавизи хушсифат аз Турсунзода

№:35-36 (5087-5088), 01 апр 2026, 17:57
7

Дар корхонаи коркард ва истеҳсоли мавизи шаҳри Турсунзода соли 2025 зиёда аз 500 тонна мавиз истеҳсол шудааст. Дар ин корхона мавиз аз се навъи ангур омода мешавад ва ҳар кадом бо усулҳои махсус коркард мегарданд.
Айни замон дар анбори корхона зиёда аз 18 тонна мавизи хушсифат захира аст, ки ин нишондиҳанда аз имко­ни хуби истеҳсолӣ ва рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари зиёд кардани истеҳсоли ангур, аз ҷониби деҳқонон ва соҳибкорони шаҳри Турсунзода тайёр кардани мавиз ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии шаҳр, соҳибко-рону деҳқонон соли 2025-ум 4500 тонна мавизи хушсифат истеҳсол ва ба хориҷи кишвар зиёда аз 2100 тонна содир кардаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: