Таъмини оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои нави Хуҷанд беҳтар мешавад
Дар маҳаллаҳои 28, 29 ва 30-юми шаҳри Хуҷанд бунёд ва навсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар арафаи анҷомёбист.
Ёдовар мешавем, ки бо ҳадафи таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои 1 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ сохтмони иншооти муҳим -хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, марҳалаи аввали он соли 2016 ба анҷом расида буд. Дар доираи ин иқдом ду ҳавзи оби тоза бо ғунҷоиши 5000 метри мукааб ва истгоҳи трансформаторӣ ба истифода дода шудаанд.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳа сохтмони ду ҳавзи захираи оби нӯшокӣ, ҳар кадом бо ғунҷоиши 3000 метри мукааб идома дошта, хатҳои обгузари нав дар назар аст. Қобили зикр аст, ки ин иқдом бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ гардид.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии
