Тозанашр
Марди арсаи ҳунар
Диламро офтоби дар сафар дидам,
Тамоми умрро ранги саҳар дидам.
Агарчанде ки умри як шарар дидам,
Ҷаҳонро арсаи марди ҳунар дидам.
Ин мисраҳо, ки бозгӯи умри сипаришудаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ мебошанд, муқоваи китоби «Марди арсаи ҳунар»-ро зеб додаанд.
Маҷмуаи мазкур, ки чанде пеш ба нашр расид, мақолаву ёддошт, мусоҳиба ва шеърҳои аҳли адабу ҳунар, олимону рӯзноманигорони кишварро дар бораи ҳунари эҷодӣ, сабки хоси нигорандагии шоир фаро мегирад. Китоб ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии шоири зиндаёд ба зевари табъ ороста шудааст.
Профессор Аламхон Кучарзода дар пешгуфтори китоб аз ҷумла, зикр намудааст: «Дар эҷодиёти Айюбӣ шеър мавқеи сазовор дорад ва истеъдоди худододи шоир дар асарҳояш - «Мунтахаби осор» (2000), маҷмуаҳои «Хоҳиши дарё» (2002), «Катибаи нонавишта» (бо ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ - 1384 ҳ.ш.), «Модар» (2002), «Шайх Муҳаммадсаид алайҳираҳма» (2003), «Мавлонои Хатлон» (2003), «Шайх Ҳикматуллоҳи Ғилмонӣ» (2005) бармалост. Шоир, ҳамчунин, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ, ирфонӣ ва ходимони барҷастаи диниро дар беш аз 20 маснавӣ, аз ҷумла маснавиҳои «Шаҳриёрнома», «Ниҳонам ошкори дидаи ӯст», «Як танему раста ҳар сӯ шох-шох», «Саре, ки сояи дасти Худо дошт», «Тавофи марқади пирон савоб аст», ба тасвир кашидааст».
Китоби «Марди арсаи ҳунар» аз ҳафт бахш - «Дар шинохти Сафармуҳаммад Айюбӣ», «Мақолаҳои па-жуҳишӣ», «Хотираҳо», «Мусоҳибаҳо», «Лутфи латиф», «Шеърҳо» ва «Сугнома» иборат аст, ки ба хонанда паҳлуҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбиро бозгӯ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Сафармуҳаммад Айюбӣ 20 декабри соли 1945 ба дунё омада, соли 1974 факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ соли 1976 фаъолиятро дар нашрияи вилоятии «Роҳи ленинӣ» оғоз менамояд.
Маҷмуаи аввалини шеърҳояш - «Гули гандум» соли 1981 ба дасти хонандагон расид. Ӯ, ҳамчунин, муаллифи китобҳои «Шохаи барқ», «Роҳи сафед», «Гандуми сироҷӣ», «Хоки ташна», ва «Ҷилвагоҳи офтоб» мебошад, ки дар солҳои мухталиф чоп шудаанд.
Номбурда намоишномаҳои зиёди театрӣ низ навиштааст, ки машҳуртарини онҳо «Драмаи миллат» ва «Ориёӣ» мебошад. Драмаи нахустини С. Айюбӣ - «Фишор» (1984) дар Фестивали театрҳои касбии ҷумҳурӣ - «Парасту» ба шоҳҷоиза сазовор шудааст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
