Конфронси чоруми оби Душанбе
ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ
Боиси ифтихору сарбаландист, ки шаҳри зебои Душанбе чанд соли охир, маҳз бо таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти созандаю ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба маркази калидии муколамаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим табдил ёфтааст. Соли гузашта мо шоҳиди баргузории рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонӣ будем, ки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ бамаротиб боло бурда, пойтахти кишвари азизамон - Душанберо ҳамчун шаҳри амну осоишта ва зебову дилкушо муаррифӣ намуд.
Соли ҷорӣ бошад, дар шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои дигари сатҳи баланд дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикии Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои пешбари байналмилалӣ пойтахти кишварамон мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми кишварҳо, сохторҳои СММ, созмонҳои дигари бай-налмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявию илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташриф оранд ва бо таҷрибаи Тоҷикистон дар мудирияти захираҳои об, инчунин, инфрасохтори устувори об ва гидроэнергетикии кишвар аз наздик ошно гарданд.
Дар ин замина, ёдовар бояд шуд, ки ҳанӯз 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатънома оид ба эълони Даҳсолаи байнал-милалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро бо ҷонибдории 177 кишвари узви СММ қабул намуда буд. Дар лоиҳаи ин қатънома ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон шудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» махсус таъкид гардидааст.
Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстона ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёра беҳбудӣ ва сабукӣ меорад.
Даҳсолаи мазкур 22 марти соли 2018 шурӯъ гардида, то 22 марти соли 2028 идома меёбад. Ҳадаф аз эълони даҳсола бештар намудани таваҷҷуҳ ба рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳифзи табиат, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо барои мусоидат дар татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, ки ба захираҳои об вобастагии зич доранд. Маънии «рушди устувор» рушди бонизом буда, се омили асосӣ - рушди босуръати иқтисодиёт, баробарии иҷтимоӣ ва суботи экологиро таҷассум менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чунин иброз до-шта буданд: «Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».
14 марти соли 2018 дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ду миллиард нафар сокинони сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд» матлабе нашр шуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: «Соли 2030-юм 700 миллион одам аз норасоии оби ошомиданӣ гуреза мешаванд. Ин омил, пеш аз ҳама, ба он даъват мекунад, ки ин захираи табиӣ сарфакорона истифода шавад».
Мувофиқи иттилои воситаҳои ахбори омма, имрӯз дар тамоми минтақаҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафтаи Авру-по, норасоии оби ошомиданӣ эҳсос мешавад. Вазъият, махсусан, дар қораи Африқо, нигаронкунанда мебошад.Тибқи иттилои расмии СММ, зиёда аз 663 миллион нафар сокинони сайёра дар ҷойи истиқомати худ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Бо мақсади ба об дастрасӣ пайдо кардан онҳо маҷбуранд, ки вақти зиёд сарф намуда, дар навбат ис-танд ва ё масофаи дурударозро пиёда тай намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили рӯзмарраи мушкилоти об ҷалб намуда, чунин таъкид намуданд: «Ҷаҳони имрӯза зери таъсири буҳронҳои шадид қарор дорад. Дар баробари таҳдидҳои маъмул, бо шумули тағйирёбии иқлим, тайи солҳои охир мо, мутаассифона, шоҳиди хавфу хатарҳои нав мегардем, ки таваҷҷуҳи дучанди ҷомеаи ҷаҳониро аз ҷумла, ба масъалаҳои мубрами об тақозо менамоянд. Таъсири манфии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, дар мад-ди аввал, ба манбаъҳои обҳои нӯшокӣ ва полезӣ, таъкиди возеҳи ин гуфтаҳост. Мо набояд фаромӯш кунем, ки об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе он зиндагӣ вуҷуд надорад. Об ҳаёти инсон ва тамоми мавҷудоти зиндаи табиат аст. Об на танҳо захира барои нӯшидан аст, он барои тавлиди неруи барқ, истеҳсоли ғизо, рушди саноат, устувории муҳити зист ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт нақши калидӣ дорад».
Тибқи таҳлилҳо ва арзёбии коршиносони байналмилалии соҳа, соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳадди хатарнок, яъне камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд.
Тағйирёбии иқлим, махсусан, баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам шудан ва аз байн рафтани захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо, гардид, мушкилоти инсонҳоро афзун намуда, дар ин замина, офатҳои фоҷианокро ба бор овард. Дар давоми 60 соли охир ба андозаи аз 0,5 то 1,0 дараҷа баланд гардидани ҳарорати ҳаво ба захираҳои обӣ таъсири манфӣ расонд. Ҳамасола ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 триллион доллари амрикоӣ зарар расонад.
Тайи солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёде ба бор меоранд. Дар давоми чанд даҳсолаи охири асри XX дар кишвари мо зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пи-ряхҳо, об шуданд ва ин раванд босуръат идома дорад. Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Ванҷях (Федченко) дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод.
Тоҷикистон тайи понздаҳ соли охир барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин намуд.
Бинобар ин, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи об Шурои миллии об таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси он фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии мамлакат мебошад. Таъсиси мақоми мазкур имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар платформаи ягона роҳандозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.
Қобили зикр аст, ки дар мамлакат татбиқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ба анҷом расида, ҳоло амалишавии «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028», татбиқи лоиҳаҳои «Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Идоракунии захи-раҳои об дар Тоҷикистон, марҳилаи 3» идома доранд.
Дар доираи иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷаллаи «Нигориши СММ» таҳти унвони «Об барои рушди устувор» (Water for Sustainable Development) ба табъ расида буд. Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошоми-данӣ ба нафъи аҳли башар маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд. Яъне, бо ифтихормандию сарфарозӣ метавон гуфт, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим саҳми арзанда гузошта, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳамовозӣ қабул мешаванд.
Бахтиёр АҲМАДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
