Худшиносии миллӣ таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти давлатиро таъмин мекунад
Ба ҳамин маънӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат: бедории таърихӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, конфронсро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи геополитикӣ аҳамияти хоса касб мекунад, зеро ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ яке аз омилҳои калидии таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлат ба ҳисоб рафта, бедории таърихӣ метавонад ҳамчун заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ хизмат намояд.
Дар конфронс олимону коршиносон мавзуъҳои «Афкори тоҷикмеҳвар омили таҳкими ҳувияти миллӣ», «Заминаҳои иҷтимоӣ-ғоявии бегонапарастӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди он», «Ҷавҳари ташаккули ҳувияти миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон», «Нақши фарҳанг дар баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ», «Арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти давлатӣ дар ҷомеаи муосир», «Тақвияти худшиносии миллӣ - омили устуворӣ ва рушди идеяи миллӣ»-ро баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар заминаи забон, таърих, арзишҳо ва хотираи таърихӣ ташаккул меёбад, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.
Фарҳанг омили муҳими таҳкими худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа буда, дар ташаккули ҳувияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва анъанаҳои мардумӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ барои пешгирии таъсири манфии фарҳангҳои бегона аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон, нақши забони тоҷикӣ, низоми маориф ва хотираи таърихӣ ҳамчун унсурҳои калидии ҳувиятсоз махсус зикр шуда, таъкид гардид, ки танҳо бо такя ба арзишҳои миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа метавон заминаи устувори пешрафти давлатро таъмин намуд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
