https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи меҳмонхонаи «Аммар» дар шаҳри Душанбе

№:42 (5094), 13 апр 2026, 17:25
4

10-уми апрели соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи муҳташами «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхона аз 8 ошёна бо таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонии он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе соли 2025 оғоз гардида буд.

Зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар ин иншооти замонавӣ ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки он аз 77 ҳуҷра, аз ҷумла 2 ҳуҷра дар ошёнаи 8-ум барои меҳмони воломақом, 10 ҳуҷраи люкс ва 65 ҳуҷраи стандартӣ, иборат мебошад.

Дар маҷмуъ, меҳмонхона барои 150 меҳмон дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Бино, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ ва тарабхонаи барҳаво буда, баъди ба истифода додани он беш аз 30 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд гашт.

Лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интерпроект» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ Меъмор» маҳсуб ёфта, он бо унсурҳои милливу муосир бунёд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Ин меҳмонхонаи зебову замонавӣ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: