Ватансозӣ аз худшиносист!
Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маънои том, санадҳои муҳим ва роҳнамо барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими давлатдорӣ мебошанд. Онҳо на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян мекунанд, балки барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меоранд. Қабулу татбиқи барномаю стратегияҳои давлатӣ, ки дар заминаи ин паёмҳо амалӣ мегарданд, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона шудаанд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои муҳим - аз иқтисоду саноат то маорифу тандурустӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дар баробари шарҳи ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва муайян намудани вазифаҳои оянда Президенти кишвар бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Ин иқдоми таърихӣ аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ дошта, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат мекунад.
Воқеан, имрӯз вазъи ҷаҳону минтақа мураккаб гардида, рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ торафт шиддат мегиранд. Аз ин рӯ, дар чунин шароит ҳар як шаҳрванд бояд дорои зиракии сиёсӣ, худшиносӣ ва ҳисси баланди масъулият бошад. Танҳо давлате метавонад дар чунин муҳити мураккаб пешрафт намояд, ки дорои захираҳои бойи моддӣ, илмӣ ва маънавӣ аст. Бинобар ин, Пешвои миллат пайваста ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки ба омӯзиши илму дониш диққати ҷиддӣ диҳанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва дар оянда барои ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.
М. Г. ШОИКАТА,
мудири бахши Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии ВМКБ, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2
Ҳамчунин дигар маводҳо:
