Кишти баҳорӣ идома дорад
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 136184 гектар кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, ғалладонагиҳо - 56521, зироатҳои техникӣ - 32831, равғандиҳанда - 12917, картошка - 11589, сабзавот - 22147, аз он пиёз - 11544, сабзӣ - 3317, карам - 1515, помидор - 828, бодиринг - 691, дигар сабзавотҳо - 4254, полезӣ - 3805 ва хӯроки чорво 9291 гектарро ташкил медиҳанд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имсол шудгори 611929 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 419676 гектараш кишти баҳорӣ мебошад.
Дурнамои кишти пахта 186800 гектар буда, то 4-уми апрели соли равон 23320 гектар кишт шудааст.
Соли 2026 дар ҷумҳурӣ, тибқи дурнамо, 40000 гектар кишти зери плёнкаи пахта ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар майдони 5801 гектар кишт анҷом ёфтааст.
Фархунда Абдулҳакимова,
"Садои мардум"
Ҳамчунин дигар маводҳо:
