https://sadoimardum.tj

Душанбе

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:22
2

Душанбе

Имрӯз Самарқанду Бухорост Душанбе,..

Дар шаш ҷиҳати мост, ҳама ҷост Душанбе.

Шабҳош, ки рӯшангари ояндаи моянд,

Дирӯзаву имрӯзаву фардост Душанбе.

Ин ҷо «ману ту» маҳв шавад дар талаби «мо»,

Аз мосту бо мосту дар мост Душанбе.

Он бодияву водӣ агар манзили танҳост,

Ҷавлонгаҳи маҷмуаи дилҳост Душанбе.

Ин ҷо пайи бозору тарабхона наоем,

На буткада, бал ҳақкадаи мост Душанбе.

Ин ҷой паноҳидаву он сӯ қадаме нест,

Ҳуш дор, ки моро ҳади аълост Душанбе.

Рустами ВАҲҲОБ

Ҳамчунин дигар маводҳо: