https://sadoimardum.tj

Шоҳшаҳри ишқ

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:43
1

Чӣ хушҳолам, ки меҳмонам ба гулшаҳри шукуфое,

Ки ҳар ҷода «биё» гӯяд ба оҳанги пазироӣ.

Бағалнозаш пур аз меҳр асту домонаш пур аз лола,

Дилам дар сина мерақсад аз ин ҳусну дилороӣ.

Дарахтонаш ҳама сабзу хиёбонаш ҳама гулпӯш,

Ғаме дар дил намемонад дар ин шаҳри баҳамоӣ.

Суруди сулҳ аз лабханди тифлон мерасад бар гӯш,

Касе ояд агар ин ҷо, раҳо гардад зи танҳоӣ.

Сано бар шаҳрвандонаш, сано бар шаҳрдори ӯ,

Ки дорад ҳар яке завқи баланди шаҳророӣ.

Душанбе, ман бар оғӯшат агарчи дер-дер оям,

Вале ҳар шаб чу руъёе ба қасри дида меоӣ.

Шукуфта ғунчаи шеърам канорат, шоҳшаҳри ишқ,

Сухандонҳо чӣ хуш гуфтанд, «Шаҳри сабзи гулҳоӣ».

Руъё УСМОНӢ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: