https://sadoimardum.tj

Намоиши 800 бозёфти нодири таърихӣ

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:18
6

Намоиши 800 бозёфти нодири таърихӣ

Беш аз 800 бозёфти муҳим ва нодири таърихии бостоншиносони Осорхонаи миллӣ, ки аз 2014 то соли 2025 ҳангоми ҳафриёт ба даст омадаанд, дар намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони истиқлол» ба маъраз гузошта шуд.

Нигораҳое, ки ба намоиш гузошта шуданд, аз ёдгориҳои Ғаравқалъа, Сайёд, Ҳалқаҷар, Чимқурғон, Тахти шоҳӣ, Алмосӣ ва дигар мавзеъҳои таърихии мамлакат кашф шуда, ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд. Нодиртарин нигораҳои ин намоиш, ки аҳамияти илмӣ-таърихии ҷаҳонӣ доранд, зарфи обгирӣ бо навиштаҷоти бохтарӣ, сангнавиштаҳои Алмосӣ бо хат ва забони қадимии бохтарӣ, овезаи тиллоӣ бо тасвири Кентавр, ҳалқаи тиллоӣ, хурмаи чордастаи тамғадор, баргаи тиллоӣ ва гӯшворҳои тиллоӣ мебошанд.

Дар намоиш бозёфтҳои беҳтарини ин ёдгориҳо пешниҳоди тамошобинон гардиданд, ки аз тилло, нуқра, мису биринҷӣ, сангу сафол ва устухон сохта шуда, таҷассумгари мероси пурғановат ва ҳунари волои ниёгонамон мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки намоиши «Дас­товардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони истиқлол» то 30 апрел идома меёбад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: