https://sadoimardum.tj

Анда Филип дабири кулли ИБ интихоб шуд

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:29
3

Анда Филип дабири кулли ИБ интихоб шуд

19-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ интихоботи дабири кулли ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар раванди интихобот дар баробари иштироки 321 намоянда аз 126 кишвар ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Саидӣ намояндагӣ намуд.

Дар натиҷа, бо иттифоқи оро намояндаи Руминия хонум Анда Филип бо касби 229 овоз ба ҳайси Дабири кулли Иттиҳоди байнипарламентӣ интихоб гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: