Аз ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ
24-уми апрели соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Илҳом Камолзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузорӣ, таҳкими асосҳои институтсионалӣ ва рушди самараноки мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, оид ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва таҳияи санадҳои намунавии ҳуқуқӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам метавонад ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва рушди устувори кишварҳои узв мусоидат намояд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
