Ҳамоиш бахшида ба «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ»
23-юми апрели соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоҳиён дар мавзуи «Тадбирҳо барои амалӣ гардондани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъномаи умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ҳамоиш баргузор шуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор дошт, ки боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои умдаи башарият ва мушкилоти глобалии сайёра 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.
Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ самти муҳим аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқӣ ва омӯзиши кадрҳо амалӣ мешавад.
Зикр шуд, ки «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, хусусан ҳадафи 4 (таълими сифатнок) ва ҳадафи 16 (адолат ва институтҳои қавӣ), нақши калидӣ дорад, зеро он ба пешгирии поймолкуниҳо ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон нигаронида шудааст.
Дар чорабинӣ муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода ва ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаббат Саидзода оид ба аҳамият ва татбиқи ташаббуси Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ба саволу пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
