«Як матову сад ранг» дар ноҳияи Рӯдакӣ
26-уми апрели соли равон дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой ноҳияи Рӯдакӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иштирокчиён бо либосҳои миллии зебо ва рангоранг ҳунару фарҳанги миллиро муаррифӣ намуданд.
Мақсади асосии баргузории фестивал-озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» дар асоси Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
