Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» рӯнамоӣ шуд
27-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои томактабии пойтахт рӯнамоӣ гардид.
Бино ба иттилои маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, барномаи иттилоотии «Kudak.tj» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, аввалин маротиба дар муассисаҳои томактабии пойтахт ба кор дароварда шудааст. Барнома барои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки содагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидон бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дорад. Барнома ба танзими кори муассисаҳои томактабӣ мусоидат намуда, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав - муҳити рақамӣ месозад.
Гуфта шуд, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои мураббиён ва волидон имкониятҳои нави омӯзишӣ ва фароғатӣ муҳайё месозад. Яке аз онҳо дастрасӣ ба китобҳои электронӣ, афсонаҳо ва аудиокитобҳо мебошад. Волидон метавонанд дар ин платформа китобҳои электронӣ ва афсонаҳои гуногунро барои фарзандонашон интихоб намоянд, ки ин метавонад дар рушди маънавӣ ва таълими кӯдакон ёрӣ расонад.
Ҳадаф аз татбиқи барномаи иттилоотии «Kudak.tj» рақамикунонии соҳа, автоматикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ ва таъмини фарогирии муназзами кӯдакон ба муассисаи томактабӣ мебошад.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
