https://sadoimardum.tj

Шоҳмотбозони Тоҷикистон дар ҷойи аввал

№:51 (5103), 29 апр 2026, 14:33
3

Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ оид ба шоҳмот, ки 22-23-юми апрели соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, сазовори ҷойи якум шуд.

Шоҳмотбозони тоҷик дар бахшҳои инфиродӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Миёни занон Шукрона Масхабова, Амина Масхабова ва Саодат Одинаева мутаносибан ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро сазовор шуданд. Миёни собиқадорон Саидаҳрор Қурбонов ҷойи 2-юм ва дар байни кормандони сохторҳои давлатӣ Мирзо Маҳмудзода ҷойи 3-юмро ишғол карданд.

Ин пирӯзӣ бори дигар нишон медиҳад, ки шоҳмоти тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дорад ва варзишгарони кишвар қодиранд дар мусобиқаҳои сатҳи баланд натиҷаҳои арзанда ба даст оранд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: