https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ дар самти рушди рақамӣ

№:51 (5103), 29 апр 2026, 14:35
3

27-уми апрели соли равон дар доираи Форуми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет (CAIGF-2026) дар мавзуи «Самтҳои стратегӣ барои рушди рақамӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли қонунӣ» мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод бо ҳайати вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистон баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҳамкориҳои судманд ва таҷрибаомӯзӣ дар раванди таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ баррасӣ шуданд.

Мавзуъҳои иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии фаъолияти парлумонҳо ва таҷрибаомӯзӣ дар раванди таҳияи Кодекси рақамӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқот буд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: