https://sadoimardum.tj

Мулоқот бо ҳайати гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса

№:51 (5103), 29 апр 2026, 14:37
2

25-уми апрели соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати гурӯҳи дӯстии Сенати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Эрве Море мулоқот намуд.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои кунунии ҳамкориҳо, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, робитаҳои таърихӣ ва эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ба фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, рақамикунонӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ, идомаи муколамаи созанда ва баргузории мулоқоти навбатӣ иброз доштанд.

Баъд аз мулоқот меҳмонон аз бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: