Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»
Аз об қиматтар танҳо об аст

Об боигарии миллии мо буда, тоза нигоҳ доштану қимат донистани ҳар қатраи он қарзи ҳар як инсони фозил аст. Зеро об на танҳо манбаи ободӣ, балки маъхази нур низ мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод».
Дар ҷаҳони муосир боло гирифтани суръати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ифлоскунии манбаъҳои оби нӯшокӣ, несткунии дарахтон, истихроҷи аз ҳад зиёди газҳои зараровар, обшавии босуръати пиряхҳо ва ғайра боиси ташвиши зиёд дар сайёраи мо гардидааст.
Мавзуи об ва истифодаи пурсамари он, хушбахтона, дар кишвари мо аҳамияти хоса касб намуда, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» боиси ифтихори ҳар яки мост. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусҳои дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз вобаста ба обу иқлим 14 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд гардидааст. Дар ин замина, пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ба маркази баргузории симпозиуму чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз мавзуи обу ободонӣ, тоза нигоҳ доштани об, истифодаи босамари он бо рушду нумуи Тоҷикистон иртиботи қавӣ гирифта, обу чашма, рӯду наҳрҳо бо маъниҳои Ватан ва кишвар баробар аст.
Биноан, моро зарур аст, ки захираҳои обро ҳифз ва идоракунии пурсамари онҳоро ҷорӣ намоем, то дар оянда аз ин неъмати бебаҳо танқисӣ накашем.
Зулола НАҶМИДДИНОВА,
хонандаи Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе
Ҳамчунин дигар маводҳо:
