Форуми 10-уми Осиёи марказӣ оид ба идоракунии интернет доир шуд
28-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе даҳумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет (CAIGF-2026) баргузор гардид. Форуми навбатӣ, ки таҳти унвони «Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ то пайвастшавӣ ва ҳамгироии рақамӣ» баргузор гашт, як платформаи калидии солонаи бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки барои муҳокима ва таҳияи роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳими рақамӣ равона шудааст.
Он роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони парламентҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешбари технологӣ, бахши хусусӣ ва коршиносонро муттаҳид мекунад.
Дар доираи форум ҷаласаи алоҳидаи парлумонӣ дар мавзуи «Самтҳои стратегӣ барои рушди рақамӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли қонунӣ» баргузор гардид. Ҳадафи ин чорабинӣ ҳамоҳангсозии сиёсати миллии рақамӣ ва мутобиқ кардани қонунгузорӣ ба тамоюлҳои технологии ҷаҳонӣ мебошад.
Дар форум вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистон иштирок ва дар мавзуъҳои иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии фаъолияти парлумонҳо ва таҷрибаомӯзӣ дар раванди таҳияи Кодекси рақамӣ суҳбат намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ва Зафар Ализода вобаста ба фаъолияти парлумони кишвар дар самти рақамикунонӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ иттилоъ дода, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистонро ба ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба даъват карданд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
