https://sadoimardum.tj

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо

№:54 (5106), 04 май 2026, 15:14
1

Имрӯз инсоният дар остонаи яке аз буҳронҳои ҷиддитарини экологӣ қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо на танҳо коҳиши захираҳои обӣ, балки хатари воқеӣ ба зиндагии инсон ва пойдории табиат мебошад. Пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, имрӯз ба ҳифзи ҷиддӣ ниёз доранд. Дар чунин шароити ҳассос таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала рӯз то рӯз бештар гардидааст.

Дар шароити шиддат гирифтани тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги пиряхӣ, дар ин раванд мавқеи фаъол ишғол намуда, бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Аз ҷумла, дар соли 2019 Пешвои миллат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун яке аз мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ матраҳ карда, зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро таъкид намуданд. Натиҷаи чунин талошҳо он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Яке аз дастовардҳои муҳим эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Ҳадафи асосии ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии пиряхҳо ва муттаҳид сохтани талошҳо барои коҳиши таъсири манфии он ба муҳити зист ва иқтисоди кишварҳо мебошад.

Ҳамзамон, тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардида, дар баробари он Рӯзи ҷаҳонии об ва Рӯзи обуҳавошиносон низ таҷлил мешаванд.

Дар доираи ин ташаббусҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид, ки ин иқдом бори дигар нақши пешсафи кишварро дар ҳалли масъалаҳои экологӣ нишон медиҳад. Илова бар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳо ва стратегияҳои муҳим қабул гардидаанд, ки ба ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудаанд. «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» аз ҷумлаи чунин иқдомҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуъ, ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи як давлат, балки масъулияти умумии тамоми инсоният ба шумор меравад. Имрӯз, дар шароите ки тағйирёбии иқлим бо суръати бесобиқа идома дорад, ҳар як иқдом дар роҳи ҳифзи муҳити зист аҳамияти бузург дорад. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо намунаи равшани масъулиятшиносӣ ва дурбинии сиёсӣ буда, Тоҷикис­тонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ муаррифӣ менамоянд.

Маҳз, тавассути ҳамбастагӣ ва талошҳои муштарак метавон таъсири ин раванди хатарнокро коҳиш дода, барои наслҳои оянда муҳити зисти солим ва устуворро таъмин намуд, зеро ояндаи башарият бевосита ба ҳифзи табиат ва захираҳои он, махсусан пиряхҳо, вобаста мебошад.

Мунаввара САДУЛЛОЕВА,

донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: