https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳо бо Амрико

№:54 (5106), 04 май 2026, 15:21
1

30-юми апрели соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо Президенти Сенати штати Ютаи Амрико Стюарт Адамс вохӯрӣ намуд.

Зимни суҳбат зикр шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14-уми феврали соли 1992 барқарор гардида, то имрӯз 35 санади ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд, ки метавонанд барои рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат намоянд.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнипарламентии Тоҷикистон ва Амрико дар чорчӯби қолаби С5+1, инчунин, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ бо Палатаи намояндагони Амрико муҳим арзёбӣ гардид.

- Мо бар он назарем, ки мақоми олии қонунгузор тавассути қабули қонунҳо, тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ метавонад дар таҳкими ҳамкориҳо ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба саҳмгузор бошад, - изҳор намуд Азиз Гиёзода.

Ҳамчунин дигар маводҳо: